БАРҚИЯИ Э. РАҲМОН БА Ҳ. КАРЗАЙ
19 августи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси ҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст: Ҷалолатмаоб, Бо камоли эҳтирому қаноатмандии бузург Шумо, ҷалолатмаоб ва тамоми мардуми кишвари бародару ҳамкешро ба муносибати Иди миллии он – ҷашни солгарди истирдоди истиқлоли давлати Афғонистон – самимона табрик менамоям. Мо ба вазъи имрўза ва дурнамои густариши муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Афғонистон баҳои баланд дода, чунин меҳисобем, ки ин раванд ҷавобгўи манфиатҳои тарафайн ва суботу рушди устувори минтақа мебошад. Умед дорам, ки татбиқи амалии “раванди Кобул”, ки онро конфронси байналмилалӣ оид ба Афғонистон оғоз бахшид, кишвари дўсту ҳамсояро ба сулҳу субот, ризоияти миллӣ ва пешрафту шукуфоӣ хоҳад бурд. Мутмаин бошед, ки Тоҷикистон дар ин самт ҷиҳати мададрасонӣ аз имкониятҳои хеш дареғ нахоҳад варзид. Бо истифода аз ин фурсати муносиб, ба Шумо, ҷалолатмаоб, барору комёбӣ ва ба мардуми дўсту бародари Афғонистон сулҳу саодат ва рўзгори хуш орзў менамоям. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






