БАРҚИЯИ Э. РАҲМОН БА Ҳ. КАРЗАЙ

Август 20, 2010 07:52

19 августи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба Раиси ҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст: Ҷалолатмаоб, Бо камоли эҳтирому қаноатмандии бузург Шумо, ҷалолатмаоб ва тамоми мардуми кишвари бародару ҳамкешро ба муносибати Иди миллии он – ҷашни солгарди истирдоди истиқлоли давлати Афғонистон – самимона табрик менамоям. Мо ба вазъи имрўза ва дурнамои густариши муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Афғонистон баҳои баланд дода, чунин меҳисобем, ки ин раванд ҷавобгўи манфиатҳои тарафайн ва суботу рушди устувори минтақа мебошад. Умед дорам, ки татбиқи амалии “раванди Кобул”, ки онро конфронси байналмилалӣ оид ба Афғонистон оғоз бахшид, кишвари дўсту ҳамсояро ба сулҳу субот, ризоияти миллӣ ва пешрафту шукуфоӣ хоҳад бурд. Мутмаин бошед, ки Тоҷикистон дар ин самт ҷиҳати мададрасонӣ аз имкониятҳои хеш дареғ нахоҳад варзид. Бо истифода аз ин фурсати муносиб, ба Шумо, ҷалолатмаоб, барору комёбӣ ва ба мардуми дўсту бародари  Афғонистон сулҳу саодат ва рўзгори хуш орзў менамоям. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Август 20, 2010 07:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад