БАРҚИЯИ Э. РАҲМОН БА ПРАТИБХА ПАТИЛ

Август 16, 2010 08:36

15 августи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибха Патил барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: Хонуми Олиҷоҳ, Сарфарозам, ки Шумо ва мардуми Ҳиндустонро ба муносибати ҷашни солгарди истиқлоли кишвари дўст самимона табрик ва таҳният гўям. Ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Ҳиндустон ҳанўз аз миёнаҳои солҳои 90-уми асри гузашта асоси боэътимоди қарордодиву ҳуқуқӣ пайдо карда, дар тўли солҳои минбаъда барои ҳарду ҷониб натиҷаҳои хубу назаррас ба бор оварданд. Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш, изҳори итминон менамоям, ки муносибатҳои дўстона ва ҳамкориҳои муфиди тарафайн  дар соҳаҳои мухталиф дар оянда низ ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар бо суръати бештар рушду тавсеаи пайгир хоҳанд ёфт. Ҷониби Тоҷикистон барои таҳкими ҳар чӣ бештари ин муносибатҳо, ки омили муҳими таъмини сулҳу субот ва густариши фазои солими ҳамкории созанда дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ мебошанд, саъю кўшиши заруриро ба харҷ хоҳад дод. Бо ибрози беҳтарин орзуҳо, ба Шумо, Хонуми Олиҷоҳ, сиҳатии комил ва комёбиҳои навин ва ба мардуми дўсту фарҳангпарвари ҳиндустон сулҳу субот, шукуфоӣ ва саодатро хоҳонам.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Август 16, 2010 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд