БАРҚИЯИ Э. РАҲМОН БА ПРАТИБХА ПАТИЛ
15 августи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибха Патил барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: Хонуми Олиҷоҳ, Сарфарозам, ки Шумо ва мардуми Ҳиндустонро ба муносибати ҷашни солгарди истиқлоли кишвари дўст самимона табрик ва таҳният гўям. Ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Ҳиндустон ҳанўз аз миёнаҳои солҳои 90-уми асри гузашта асоси боэътимоди қарордодиву ҳуқуқӣ пайдо карда, дар тўли солҳои минбаъда барои ҳарду ҷониб натиҷаҳои хубу назаррас ба бор оварданд. Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш, изҳори итминон менамоям, ки муносибатҳои дўстона ва ҳамкориҳои муфиди тарафайн дар соҳаҳои мухталиф дар оянда низ ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар бо суръати бештар рушду тавсеаи пайгир хоҳанд ёфт. Ҷониби Тоҷикистон барои таҳкими ҳар чӣ бештари ин муносибатҳо, ки омили муҳими таъмини сулҳу субот ва густариши фазои солими ҳамкории созанда дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ мебошанд, саъю кўшиши заруриро ба харҷ хоҳад дод. Бо ибрози беҳтарин орзуҳо, ба Шумо, Хонуми Олиҷоҳ, сиҳатии комил ва комёбиҳои навин ва ба мардуми дўсту фарҳангпарвари ҳиндустон сулҳу субот, шукуфоӣ ва саодатро хоҳонам. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






