БАРНОМАҲОИ ИДОНАИ КОНСЕРТӢ ДАР МАҲАЛЛАЮ ШАҲРАКҲО

Август 17, 2010 15:17

Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 19-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  кормандони шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Ҳисор  намоиши театрикунонидашударо таҳти унвони «Васфи туро месароям,  Тоҷикистон» таҳия намуданд. Барномаи мазкур дар рӯзи Истиқлолияти давлатӣ — 9 сентябр дар маркази маъмурии ноҳия пешкаши меҳмонон ва сокинон гардонида мешавад.  «Бо мақсади ҷолиб ва беҳтар таҳия шудани  барномаи театрикунонидашуда, шӯъбаи фарҳанг 350 нафар донишҷӯёни омӯзишгоҳҳои омӯзгорӣ, тиббӣ ва техникиро ҷалб намудааст», гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Ҳисор Нуралӣ Мирзоалиев. Намоиши театрикунонидашуда таҷассумгари дастовардҳои беназири даврони мустақилияти Тоҷикистон буда,  дар худ таҳкими дӯстиву рафоқат,  муқаддас доштани марзу буми ватанро тараннум менамояд. Ҳамзамон, дар китобхонаҳои ноҳия намоиши китобҳо ва расму мусаввараҳо ташкил карда шуда, дар 12 ҷамоату маҳаллаҳо ва шаҳракҳои ноҳия барномаи консертии идона бо иштироки ҳунармандони шӯъбаи фарҳанг ташкил карда мешаванд.

Август 17, 2010 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд