БАРРАСИИ МАСОИЛИ КИТОБДОРӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

Август 9, 2010 14:25

Душанбе, 9 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ конфронси илмӣ-амалии "Истиқлолият ва рушди фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон" баргузор гардид. Дар он олимону устодони донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат  ширкат намуда, мавзӯъҳои "Таҳия ва татбиқи санадҳои меъёрию — ҳуқуқӣ доир ба соҳаи китобдорӣ дар даврони истиқлолият", "Баррасии масоили рушди фаъолияти китобдорӣ дар афкор ва андешаҳои олимони соҳаи китобдорӣ", "Мувофиқсозии фаъолияти китобхонаҳои Тоҷикистон ба тақозои замони истиқлол ва вижагиҳои ҷомеаи иттилоотӣ" ва "Таъмини дастёбии хонандагон ба фондҳои электронии китобхонаҳои Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуданд. Дар анҷоми конфронс намоиши китобҳо таҳти унвони "Китобҳои тозанашри даврони истиқлолият" ба маърази тамошо гузошта шуд.  

Август 9, 2010 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд