БАРРАСИИ МАСОИЛИ КИТОБДОРӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ
Душанбе, 9 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ конфронси илмӣ-амалии "Истиқлолият ва рушди фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон" баргузор гардид. Дар он олимону устодони донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат ширкат намуда, мавзӯъҳои "Таҳия ва татбиқи санадҳои меъёрию — ҳуқуқӣ доир ба соҳаи китобдорӣ дар даврони истиқлолият", "Баррасии масоили рушди фаъолияти китобдорӣ дар афкор ва андешаҳои олимони соҳаи китобдорӣ", "Мувофиқсозии фаъолияти китобхонаҳои Тоҷикистон ба тақозои замони истиқлол ва вижагиҳои ҷомеаи иттилоотӣ" ва "Таъмини дастёбии хонандагон ба фондҳои электронии китобхонаҳои Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуданд. Дар анҷоми конфронс намоиши китобҳо таҳти унвони "Китобҳои тозанашри даврони истиқлолият" ба маърази тамошо гузошта шуд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






