БАРРАСИИ МУБОРИЗАИ МУШТАРАК ДАР ТЕҲРОН

Август 3, 2010 11:46

Душанбе, 3 август. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Имрӯз дар шаҳри Теҳрон ҷаласаи нахустини роҳбарон ва сардорони раёсатҳои мақомоти мубориза бо маводи  мухаддири кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ /ЭКО/, ки 2 август оғоз ёфт,  ба кори худ идома дод. Аз Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» итттилоъ доданд, ки дар ҷаласа намояндагони сохторҳои марбут ба маводи мухаддири  кишварҳои ЭКО,  ба мисли Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Покистон, Озарбойҷон, Туркия, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон иштирок доранд. Дар ҷаласа масъалаҳои тақвияти ҳамкории муштараки  кишварҳои ЭКО дар мубориза бо маводи мухаддир вобаста ба афзоиши гардиши он дар минтақа,  дар маркази таваҷҷӯҳи иштирокдорони ҷаласа қарор дорад. Тибқи иттилоъи сардори  шӯъбаи равобит бо ҷомеаи Агентӣ оид ба назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдулло Раҳматуллоев,  Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҷаласа муовини аввали Директори Агентӣ, генерал  Вайсиддин Азаматов ва мудири шӯъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таъминоти ҳуқуқии Агентӣ Маҳмаднаим Маризоев намояндагӣ доранд. Ҳамзамон, дар ҷаласа намояндагони идораи  мубориза бо маводи мухаддири  Созмони Милали Муттаҳид ва Интерпол иштирок доранд.

Август 3, 2010 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд