БАРРАСИИ МУБОРИЗАИ МУШТАРАК ДАР ТЕҲРОН
Душанбе, 3 август. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Имрӯз дар шаҳри Теҳрон ҷаласаи нахустини роҳбарон ва сардорони раёсатҳои мақомоти мубориза бо маводи мухаддири кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ /ЭКО/, ки 2 август оғоз ёфт, ба кори худ идома дод. Аз Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» итттилоъ доданд, ки дар ҷаласа намояндагони сохторҳои марбут ба маводи мухаддири кишварҳои ЭКО, ба мисли Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Покистон, Озарбойҷон, Туркия, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон иштирок доранд. Дар ҷаласа масъалаҳои тақвияти ҳамкории муштараки кишварҳои ЭКО дар мубориза бо маводи мухаддир вобаста ба афзоиши гардиши он дар минтақа, дар маркази таваҷҷӯҳи иштирокдорони ҷаласа қарор дорад. Тибқи иттилоъи сардори шӯъбаи равобит бо ҷомеаи Агентӣ оид ба назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдулло Раҳматуллоев, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҷаласа муовини аввали Директори Агентӣ, генерал Вайсиддин Азаматов ва мудири шӯъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таъминоти ҳуқуқии Агентӣ Маҳмаднаим Маризоев намояндагӣ доранд. Ҳамзамон, дар ҷаласа намояндагони идораи мубориза бо маводи мухаддири Созмони Милали Муттаҳид ва Интерпол иштирок доранд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






