БЕҲТАРИН ДАСТОВАРДҲО ДАР РӮЗИ “ИДИ АСАЛ”
Файзобод, 5 август.(АМИТ”Ховар”,Зебо Давлатова). — Масъулини ноҳияи Файзобод солҳои охир ба рушди соҳаи замбӯрпарварӣ диққати махсус медиҳанд.Дар нимсолаи соли ҷорӣ, бештар аз 50 тонна асал аз ҷониби соҳибкорон истеҳсол карда шуд, ки дар чанд соли охир назаррас аст. Боғи фарҳангию фароғатии маркази ноҳия нисбат ба рӯзҳои дигар намуди идона дошт.Замбӯриасалпарварон аз 9 ҷамоати деҳот дар ин базми бошукӯҳ иштирок дошта, беҳтарин асали ҷамъовардаи худро пешкаши харидорон намуданд.Дар намоишгоҳи мазкур асалҳои аз гулҳои кокутӣ,ҷамилак,янтоқ, татум тайёр кардашуда, инчунин шираи замбӯр, асал,мум ва гарди гулро пешкаши ҳакамон намуданд. Бояд қайд кард,ки дар озмуни “Иди асал” намояндаи вазорати кишоварзӣ Сафаралӣ Назаров ва раиси ноҳияи Файзобод Абдулло Ҳакимов иштирок доштанд. Дар озмуни баргузоргардида ҷойи аввал насиби асалпарвар Зубайдулло Файзуллоев аз хоҷагии деҳқонии “Ширин” гардид. Ҷойи дуюмро асалпарвар Ҳасан Қаҳҳоров аз хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Шариф» сазовор гардид. Ҷои сеюм бошад ба зани соҳибкор Назира Сайфуллоева аз хоҷагии деҳқонии «Ғалмова» насиб гардид. Ғолибон дар озмуни ҷумҳуриявӣ,ки бахшида ба«Иди асал», дар боғи «Дӯстӣ»-и пойтахт 7 август баргузор мегардад,иштирок менамоянд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






