БЕҲТАРИН ДАСТОВАРДҲО ДАР РӮЗИ “ИДИ АСАЛ”

Август 5, 2010 16:34

Файзобод, 5 август.(АМИТ”Ховар”,Зебо Давлатова). — Масъулини ноҳияи Файзобод солҳои охир  ба рушди соҳаи замбӯрпарварӣ  диққати махсус медиҳанд.Дар нимсолаи соли ҷорӣ,  бештар аз 50 тонна асал аз ҷониби соҳибкорон истеҳсол карда шуд, ки дар чанд соли охир назаррас аст. Боғи фарҳангию фароғатии маркази ноҳия нисбат ба рӯзҳои дигар намуди идона дошт.Замбӯриасалпарварон аз 9 ҷамоати деҳот дар ин базми бошукӯҳ иштирок дошта, беҳтарин асали ҷамъовардаи худро пешкаши харидорон намуданд.Дар намоишгоҳи мазкур асалҳои аз гулҳои кокутӣ,ҷамилак,янтоқ, татум тайёр кардашуда, инчунин  шираи замбӯр, асал,мум ва гарди гулро пешкаши ҳакамон намуданд. Бояд қайд кард,ки дар озмуни “Иди асал” намояндаи вазорати кишоварзӣ Сафаралӣ Назаров ва раиси ноҳияи Файзобод Абдулло Ҳакимов иштирок доштанд. Дар озмуни баргузоргардида ҷойи аввал насиби асалпарвар Зубайдулло Файзуллоев аз хоҷагии деҳқонии “Ширин”  гардид. Ҷойи дуюмро   асалпарвар Ҳасан Қаҳҳоров аз хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Шариф» сазовор гардид. Ҷои сеюм бошад ба зани соҳибкор Назира Сайфуллоева аз хоҷагии деҳқонии «Ғалмова» насиб гардид. Ғолибон дар   озмуни ҷумҳуриявӣ,ки бахшида ба«Иди асал», дар боғи «Дӯстӣ»-и пойтахт   7 август баргузор мегардад,иштирок менамоянд.

Август 5, 2010 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад