БЕМОРХОНАИ АШТ СОҲИБИ «ГАСТРОФИБРОСКОП» МЕШАВАД

Август 6, 2010 15:49

Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Беморхонаи марказии ноҳияи Ашт соҳиби таҷҳизоти нави тиббии «Гастрофиброскоп» хоҳад шуд. Дар ин бора раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода қарори махсус имзо намуд. Мутобиқи қарори мазкур сарраёсати молияи вилоят вазифадор шудааст, ки аз ҳисоби буҷети вилоятӣ барои харидорни ин таҷҳизот  31 ҳазору 500 сомонӣ ҷудо намояд. Дар баробари ин, раёсати тандурустии вилоят муваззаф гаштааст, ки истифодаи мақсаднок ва самарабахши маблағи ҷудошударо назорат намуда, оид ба хароҷоти анҷомдодашуда ҳисобот пешниҳод кунад. Ёдрас мешавем, ки ин дастгоҳи муосири тиббӣ барои ташхиси бемориҳои дарунӣ, аз ҷумла узвҳои ҳозима истифода мешавад.

Август 6, 2010 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд