БЕМОРХОНАИ АШТ СОҲИБИ «ГАСТРОФИБРОСКОП» МЕШАВАД
Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Беморхонаи марказии ноҳияи Ашт соҳиби таҷҳизоти нави тиббии «Гастрофиброскоп» хоҳад шуд. Дар ин бора раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода қарори махсус имзо намуд. Мутобиқи қарори мазкур сарраёсати молияи вилоят вазифадор шудааст, ки аз ҳисоби буҷети вилоятӣ барои харидорни ин таҷҳизот 31 ҳазору 500 сомонӣ ҷудо намояд. Дар баробари ин, раёсати тандурустии вилоят муваззаф гаштааст, ки истифодаи мақсаднок ва самарабахши маблағи ҷудошударо назорат намуда, оид ба хароҷоти анҷомдодашуда ҳисобот пешниҳод кунад. Ёдрас мешавем, ки ин дастгоҳи муосири тиббӣ барои ташхиси бемориҳои дарунӣ, аз ҷумла узвҳои ҳозима истифода мешавад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






