БОҒИ ИСТИРОҲАТИИ ФАРХОР ТАЪМИРТАЛАБ АСТ
Фархор, 2 август. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Боғи фарҳангу истироҳатии ноҳияи Фархор макони баргузории чорабиниҳои гуногун ва ҷои дӯстдоштаи сайру фароғати сокинон гаштааст. Ин мавзеи фарҳангӣ дар масоҳати беш аз 5 гектар ҷойгир буда, бояд дорои шароити муносиб ва муосири истироҳату фароғат бошад, аммо арғунчакҳои он солҳост, ки рӯи таъмирро надида корношоям гаштаанду барои кӯдакон хеле хатарнок. Бачаҳо бошанд ба ин нигоҳ накарда, ба ин ҷо меоянд ва бидуни назорати масъулин аз хизмати онҳо истифода мебаранд. Бино ба гуфти масъулини раёсати фарҳанги ноҳия тайи солҳои охир баҳри ободу зебо гардонидани боғ аз масофаи 120 метр хати об кашидаву дарахтони зиёд шинонидаанд, ки айни замон нашъунамои онҳо хеле хуб аст. Ҳарчанд барои таъмир ва тармими ин муассисаи фарҳангӣ чандин сол боз аз буҷаи маҳал маблағгузорӣ намешавад, бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ дар ин ҷо биноҳои гуногуни фароғатӣ бунёд мегарданд. Боварӣ дорем, ки дар доираи 900 рӯзи ободонию бунёдкорӣ ба ифтихори 20 –умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боғи фарҳангу истироҳатии ноҳияи Фархор таъмиру тармим гашта, воқеан ҳам макони дӯстдоштаю тамошобоби шаҳрвандон мегардад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






