БОЗ ЯК ПАДИДАИ НАВ ДАР ФАЗОИ МАТБУОТ

Август 30, 2010 14:50

Душанбе, 30 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз дар таърихи Тоҷикистони мустақил бори аввал рӯзномаи иттилоотию таҳлилӣ ба майдони матбуот ворид шуд, ки ҳар ҳафта 5 маротиба дастраси хонандагон гардонида хоҳад шуд. Рӯзномаи «Имрӯз News» дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон сабти ном шудааст ва рӯзҳои душанбе, сешанбе, чоршанбе, паншанбе ва ҷумъа ҳамарӯза хабарҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва варзиширо  пахш менамояд. Хусусияти хоси  рӯзнома дар он ифода меёбад, ки дар муқобили рӯзномаҳои ҳизбии замони шӯравӣ, акнун дар мамлакат нашрияи мустақиле таъсис  ёфт, ки ба ягон гурӯҳи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мансуб нест. Бояд гуфт, ки «Имрӯз News» танҳо бо  забони  тоҷикӣ чоп мешавад. Ҳамчунин, ҳайати таҳририяи  рӯзнома нақша доранд, ки сайти интернетии онро бо забонҳои русӣ, англисӣ, форсӣ ва туркӣ пешкаши хонандагони доимии дохил ва хориҷи кишвар гардонад. Зикр кардан лозим  аст, ки  «Имрӯз News» — аввалин рӯзномаи ҳаррӯзаи Тоҷикистон буда, хусусияти умумиҷумҳуриявӣ дорад, вале дар навбати аввал доираи хонандагонашро дар пойтахт, ноҳияву шаҳрҳо ва шаҳракҳо вусъат хохад дод. Шиори кормандони он  «Ахбор одамонро фаъол ва сарватманд мегардонад» мебошад.    

Август 30, 2010 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад