БОЗДИДИ Э. РАҲМОН АЗ ШАҲРИ КӮЛОБ
25 августи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кўлоби бостонӣ ташриф овард. Дар ин ҷо Сарвари давлат нахуст дар маросими ба истифода супурдани маҳаллаи нави истиқоматӣ, ки дар муддати кўтоҳ барои аҳолии аз офатҳои табиии моҳи майи соли равон бесарпаноҳмондаи шаҳри Кўлоб бунёд ёфтааст, иштирок ва суханронӣ намуд. Чунонки зикр гардид, дар 6 қитъаи ин маҳаллаи нав барои бесарпаноҳмондагон сохтмони 700 хонаи нави хуштарҳ ба роҳ монда шуда буд. То имрўз наздики 400 хона пурра сохта, ба соҳибонашон бо тамоми асбобу ашёи рўзгор тақдим карда шудааст. Сохтмони хонаҳои боқимонда низ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамчунин хотиррасон намуд, ки имсол аз офатҳои табиӣ 20 шаҳру ноҳияҳои мамлакат зарари ҷиддӣ диданд ва ҳаҷми хисороти аз онҳо воридшуда ба 2 миллиарду 600 миллион сомонӣ баробар шуд. Ба иттилои Сарвари давлат, дар қаламрави мамлакат ҳазор хонаи нави хуштарҳ сохта, бо тамоми асбобу ашёи рўзгор ба оилаҳои бесарпаноҳмонда ройгон тақдим карда мешаванд. Дар доираи нақшаи бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ дар шаҳри Кўлоб ҳамчунин маҷрои оби Тебалай тоза ва соҳилҳояш мустаҳкам карда шуд ва даҳҳо километр роҳҳо, пулҳои мошингузар ва иншооти обтаъминкунию соҳилбандии харобгашта барқарор карда шуданд. Хотиррасон бояд намуд, ки рўзҳои 6-ум ва 7-уми майи соли равон маҳз оби Тебалай аз маҷрои худ баромада, садҳо хонаҳои аҳолии Кўлобшаҳрро хароб карда, ҳамзамон боиси талафоти сершумори ҷонӣ гашта буд. Ба сохтмони хонаҳои нави шаҳри Кўлоб 118 адад вазорату идораҳо ва сохторҳои гуногуни давлатию соҳибкорӣ сафарбар шуда буданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи онҳое, ки дар бунёди маҳаллаи нав саҳмгузор шуданд, арзи сипосу миннатдорӣ карда, ин амалии хайру пурсаховатро нишонаи олии ваҳдати миллии Тоҷикистон арзёбӣ намуд. Ба ин хотир ў пешниҳод намуд, ки маҳаллаи навбунёди шаҳри Кўлоб Ваҳдатобод номгузорӣ карда шавад. Сипас бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Кўлоб як мактаби нави замонавӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки бо харҷи 4 миллиону 300 ҳазор сомонӣ бунёд ёфта, барои 330 нафар хонанда пешбинӣ шудааст. Дар назди даромадгоҳи мактаб хонандагони хушлаёқати шаҳри Кўлоб ихтирооти худро, ки дар соли маориф ва фарҳанги техникӣ эҷод намуда, ба озмунҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ пешниҳод намудаанд, ба маъраз бароварданд. Якчанд нафари онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоён ва сертификати ихтироотро низ соҳиб шудаанд. Аз миёни ихтирооти онҳо намунаи нерўгоҳи бодӣ, батареяи офтобӣ ва дастгоҳи пахтатозакунӣ, ки бо тарҳи оддӣ вале самарабахш сохта шудаанд, ҷолиб буданд. Зимни шиносоӣ маълум шуд, ки мактаби нав аз 2 ошёна 25 синфхонаю утоқҳои корӣ, аз ҷумла синфи компютерӣ, синфхонаҳои бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳазшудаи фаннӣ, технологияи ҳунаромўзии духтарон, толори барҳавои варзишӣ ва дигар шароити замонавии таълиму тарбия иборат аст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти муҳайёшавии шароити хуби таълимӣ аз масъулини соҳа талаб намуд, ки сифати таълиму тарбияи хонандагон ва савияи донишомўзии онҳоро баланд бардоранд. Дар саҳни ҳавлии ҳамин мактаб Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо роҳбарият ва фаъолони шаҳри Кўлоб мулоқоти тўлонии озоду ошкоро анҷом дод, ки зимни он миёни онҳо сўҳбатҳои ҷолибу самимӣ сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.