БОЗОРИ НОҲИЯИ ШАҲРИТУС БАСТА ШУД, ВАЛЕ…

Август 13, 2010 11:41

Кӯрғонтеппа, 13 август. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Мутахассисони муассисаи эпидемиологии вилояти Хатлон бозори маркази ноҳияи Шаҳритусро тафтиш намуда, дар он камбудию нуқсонҳои зиёдро ошкор намуданд. Сардухтури санитарии вилояти Хатлон Ҳаким Худойбердиев ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар бозор ягон яхдон кор намекунад. Дар натиҷа гӯшт ва маҳсулоти ширӣ хеле зуд нобуд мегардад. Ин ба талаботи қоидаҳои санитарӣ комилан мухолиф мебошад. Ба қавли Ҳ. Худойбердиев, комиссия фаъолияти бозори мазкур ва мағозаю дӯконҳои онро манъ намуд. Мо бозор ва мағозаю дӯконҳоро мӯҳр зада маҳкам кардем. Маъмурияти бозор мебоист дар мӯҳлати муқарраршуда камбудию нуқсонҳоро бартараф сохта, барои давом додани фаъолияти бозор иҷозатнома мегирифт. Вале маъмурияти бозор талаботи мақомоти давлатиро ба эътибор нагирифта, бозорро бе иҷозат кушод, гуфт Ҳ. Худойбердиев. Фаъолияти бозори мазкур айни ҳол ғайриқонунӣ давом дорад. Сардухтури санитарии вилоят зикр кард, ки ин бар хилофи талаботи қонун мебошад. Зеро саломатии харидорон ба тозагӣ ва тартиботи намунавии бозор вобаста аст. Акнун мо ният дорем, ки натиҷаҳои тафтишро ба прокуратура пешниҳод намоем, гуфт дар хотима Ҳаким Худойбердиев.

Август 13, 2010 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад