БУНЁДИ ДИДБОНГОҲИ НАВ
Мурғоб, 9 август ( АМИТ « Ховар», Л Додо).- Дар ноҳияи Мурғоб ба бунёди дидбонгоҳи нави гумрукӣ оғоз намуданд. Тавре аз Раёсати хадамоти гумруки ҷумҳурӣ дар ВМКБ иттилоъ доданд, ин амал тибқи лоиҳаи ҷонибдории хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Мурғоб аз ҷониби дафтари Созмони амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон амалӣ гардида, мурод аз он беҳбудӣ бахшидан ба шароити хизмати гумрукчиёни Тоҷикистону Афғонистон мебошад. Маблағгузори лоиҳа давлати Ҷопон буда, арзиши он беш аз 1 млн евро аст. Амалӣ гардидани лоиҳа 3 давраро дар бар мегирад. Давраи аввал харидани таҷҳизоти махсус, баъдан гузаронидани курсҳои омӯзишӣ барои гумрукчиёни Тоҷикистону Афғонистон ва давраи сеюм бунёди терминали нави гумрукиро дар ноҳияи Мурғоб, ки гардиши молро миёни Тоҷикистону Чин, Афғонистону Қирғизистон танзим менамояд, дар бар мегирад. Лоиҳа барои пешгирии фаъолияти ғайриқонунии қочоқчиён ва ҳамкории байни мамолики дӯсту ҳамсоя мусоидат менамояд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






