БУНЁДИ ДИДБОНГОҲИ НАВ

Август 9, 2010 15:43

Мурғоб, 9 август ( АМИТ « Ховар», Л Додо).- Дар ноҳияи Мурғоб  ба бунёди  дидбонгоҳи нави  гумрукӣ оғоз  намуданд. Тавре аз Раёсати     хадамоти гумруки ҷумҳурӣ дар ВМКБ  иттилоъ доданд, ин амал тибқи  лоиҳаи  ҷонибдории хадамоти   гумруки  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар минтақаи Мурғоб  аз ҷониби дафтари  Созмони амният  ва Ҳамкории Аврупо  дар Тоҷикистон  амалӣ гардида, мурод аз он  беҳбудӣ бахшидан  ба шароити  хизмати гумрукчиёни  Тоҷикистону Афғонистон мебошад. Маблағгузори лоиҳа  давлати Ҷопон  буда, арзиши он беш аз   1 млн евро аст. Амалӣ гардидани  лоиҳа  3 давраро  дар бар мегирад. Давраи аввал  харидани таҷҳизоти  махсус, баъдан  гузаронидани курсҳои  омӯзишӣ  барои гумрукчиёни  Тоҷикистону Афғонистон  ва  давраи  сеюм бунёди  терминали нави  гумрукиро дар ноҳияи  Мурғоб, ки гардиши молро миёни  Тоҷикистону Чин, Афғонистону  Қирғизистон  танзим менамояд, дар бар мегирад.  Лоиҳа  барои  пешгирии  фаъолияти ғайриқонунии қочоқчиён ва  ҳамкории байни  мамолики  дӯсту  ҳамсоя мусоидат  менамояд.    

Август 9, 2010 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад