БУРЁКӮБОН БО ИШТИРОКИ «РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН»

Август 19, 2010 16:01

Душанбе, 19 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар моҳи шарифи Рамазон аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб 21 хона сохта ба истифода дода шуд. Дар маросими ба истифодадиҳии манзилҳо сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукумов ва масъулини шаҳри Кӯлоб иштирок намуда, калиди хонаҳоро ба соҳибонашон супориданд. Бояд зикр кард, ки хонаҳоро КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар мӯҳлати муайяншуда ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ  сохта ба истифода дод ва онҳо бо тамоми ҷиҳози зарурии рӯзгор таъмин карда шудаанд. Мавриди зикр аст, ки алҳол дар маҳали бунёди манзилҳои нав барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб корҳои сохтмонӣ аз ҷониби вазорату идораҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва шахсони саховатпеша босуръат ҷараён дорад. Дар маҷмӯъ дар маҳали сохтмони манзилҳо барои зарардидагон беш аз 600 хона ба истифода дода мешавад.

Август 19, 2010 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд