БУРЁКӮБОН БО ИШТИРОКИ «РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН»
Душанбе, 19 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар моҳи шарифи Рамазон аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб 21 хона сохта ба истифода дода шуд. Дар маросими ба истифодадиҳии манзилҳо сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукумов ва масъулини шаҳри Кӯлоб иштирок намуда, калиди хонаҳоро ба соҳибонашон супориданд. Бояд зикр кард, ки хонаҳоро КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар мӯҳлати муайяншуда ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дод ва онҳо бо тамоми ҷиҳози зарурии рӯзгор таъмин карда шудаанд. Мавриди зикр аст, ки алҳол дар маҳали бунёди манзилҳои нав барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб корҳои сохтмонӣ аз ҷониби вазорату идораҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва шахсони саховатпеша босуръат ҷараён дорад. Дар маҷмӯъ дар маҳали сохтмони манзилҳо барои зарардидагон беш аз 600 хона ба истифода дода мешавад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






