ДАР МОҲИ РАМАЗОН БОЗ 33 ОИЛА СОҲИБИ ХОНАИ НАВ

Август 16, 2010 11:52

Кӯлоб, 16 август. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Дар маҳали бунёди манзилҳои нав барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб корҳои сохтмонӣ босуръат идома дорад. Комиссияи назорати сифати сохтмонии ситоди ҷумҳуриявӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ шинос гардид. Дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо риояи яке аз фазилатҳои ин моҳи муборак,ки дастгирӣ намудани ниёзмандон аст, дар қитъаи чоруми манзилҳои нав аз ҷониби Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ 5 хона, аз ҷониби Агентии Тоҷикстандарт 3 хона ва Вазорати молияи ҶТ боз як манзили нави дигар бо сифати баланд бунёд гардида, ба соҳибонашон тақдим карда шуд. Ин манзилҳои нав дар қитъаи мазкур аз ҷониби ташкилотҳои сохтмонӣ дар муддати беш аз ду моҳ бунёд гардидаанд, ки  комиссияи назорати сифати сохтмон ва ҳайати ситоди ҷумҳуриявӣ ба сифати корҳои иҷрошуда, дар хонаҳои истиқоматӣ баҳои баланд доданд. Ҳамчунин, аз тарафи Вазорати адлияи ҶТ 2 хонаи истиқоматии дорои ҷиҳози рӯзгор ва аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии ҶТ 3 хонаи нав пурра сохта ба истифода дода шуданд. Дар қитъаи якум аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон  8 хонаи нави истиқоматӣ, аз ҷониби Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк»   7 хона дар баробари ҷиҳози рӯзгор ҳамчунин бо маводи якмоҳаи хӯрока ба соҳибонашон такдим гардиданд.   Аз оғози сохтмон то ин давра дар маҳали бунёди манзилҳо тибқи иттилои ситоди ҷумҳуриявӣ беш аз сӣ хонаи нави истиқоматӣ сохта ба истифода дода шуд, ки ин шумора дар маҷмӯъ бо бунёди манзилҳои нави имрӯза ба 61 адад мерасад.     

Август 16, 2010 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд