ДАР МОҲИ РАМАЗОН БОЗ 33 ОИЛА СОҲИБИ ХОНАИ НАВ
Кӯлоб, 16 август. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Дар маҳали бунёди манзилҳои нав барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб корҳои сохтмонӣ босуръат идома дорад. Комиссияи назорати сифати сохтмонии ситоди ҷумҳуриявӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ шинос гардид. Дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо риояи яке аз фазилатҳои ин моҳи муборак,ки дастгирӣ намудани ниёзмандон аст, дар қитъаи чоруми манзилҳои нав аз ҷониби Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ 5 хона, аз ҷониби Агентии Тоҷикстандарт 3 хона ва Вазорати молияи ҶТ боз як манзили нави дигар бо сифати баланд бунёд гардида, ба соҳибонашон тақдим карда шуд. Ин манзилҳои нав дар қитъаи мазкур аз ҷониби ташкилотҳои сохтмонӣ дар муддати беш аз ду моҳ бунёд гардидаанд, ки комиссияи назорати сифати сохтмон ва ҳайати ситоди ҷумҳуриявӣ ба сифати корҳои иҷрошуда, дар хонаҳои истиқоматӣ баҳои баланд доданд. Ҳамчунин, аз тарафи Вазорати адлияи ҶТ 2 хонаи истиқоматии дорои ҷиҳози рӯзгор ва аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии ҶТ 3 хонаи нав пурра сохта ба истифода дода шуданд. Дар қитъаи якум аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон 8 хонаи нави истиқоматӣ, аз ҷониби Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» 7 хона дар баробари ҷиҳози рӯзгор ҳамчунин бо маводи якмоҳаи хӯрока ба соҳибонашон такдим гардиданд. Аз оғози сохтмон то ин давра дар маҳали бунёди манзилҳо тибқи иттилои ситоди ҷумҳуриявӣ беш аз сӣ хонаи нави истиқоматӣ сохта ба истифода дода шуд, ки ин шумора дар маҷмӯъ бо бунёди манзилҳои нави имрӯза ба 61 адад мерасад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






