ДАР МОҲИ РАМАЗОН НАРХИ МАҲСУЛОТ ТО 20 % КОҲИШ ДОДА МЕШАВАД

Август 6, 2010 11:44

Душанбе, 6 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Соҳибкорони пойтахт тасмим гирифтаанд, ки дар моҳи шарифи Рамазон нархи 1 килограмм гӯшти говро  18 сомонӣ, гӯшти гӯсфандро то 19 сомонӣ, нархи як халта орди навъи якумро  то 90 сомонӣ ва равғани растанӣ, равғани маска, шир, тухм, биринҷ, шакар, картошка, помидор, пиёз, сабзӣ, карам, ангур ва харбузаю тарбузро то 20 % аз нархи бозор арзонтар ба фурӯш гузоранд. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи шаҳрдории пойтахт, ки дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд,  баррасӣ гардид. Дар робита ба иқдоми соҳибкорони пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев КВД «Савдо ва  бозорҳои шаҳри Душанбе» ва бозорҳои зертобеи онро мувваззаф намуд, ки дар моҳи мубораки Рамазон барои деҳқононе, ки маҳсулоти кишоварзиро бе миёнаравҳо  ба фурӯш мебароранд, сабукиҳо диҳанд. Тибқи иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, тоҷирону соҳибкороне, ки ба воридоту фурӯши  маҳсулоти дар боло зикршуда машғуланд, аз пардохти ҳамагуна намуди  хизматрасониҳо ба пуррагӣ ва ё ба андозаи 50 % озод карда мешаванд.                          

Август 6, 2010 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд