ДОРО НАҶОТ БАРАНДАИ ҶОИЗАИ БА НОМИ РӮДАКӢ ГАРДИД

Август 2, 2010 15:36

Душанбе, 2 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Қарори Ҳукумати мамлакат «Дар бораи сарфароз гардондан бо ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ дар соли 2010 тасдиқ карда шуд.  Тавре ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд, мувофиқи Қарори мазкур шоир Доро Наҷот барои маҷмӯаи шеърҳои «Моҳтобе хамида дар рукӯъ» барандаи ҷоиза дар соҳаи адабиёт шуд. Дар соҳаи санъати театрӣ барои таҳияи намоишномаи «Чашмони бародари қиёматӣ» дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Мирзоватан Миров бо ин ҷоиза сарфароз гардид. Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи санъати мусиқӣ ва ҳунарнамоӣ барои силсилаи сурудҳои «Меҳроби меҳрам, Тоҷикистон!»насиби Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Миралӣ Достиев гардид.  Рассоми халқии Тоҷикистон Сӯҳроб Қурбонов барои мусаввараи чоргонаи «Ҳамосаи истиқлол» барандаи ҷоиза дар соҳаи санъати тасвирӣ шуд. Узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Соҳиб Табаров барои силсилаи рисолаҳои адабии тарбиявии солҳои охир бо ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи эҷодиёти бадеӣ барои наврасон сарфароз гардонда шуд. Ҷоизаи байналмилалӣ дар соҳаи тарҷума, пажӯҳиш ва тарғиби адабиёти тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ барои силсилаи рисолаҳои илмӣ-адабии «Низомӣ ва Хоқонӣ», «Зайниддин Восифӣ» ва «Дарвеши Деҳакӣ» ба шарқшиноси маъруфи рус Александр Болдирев (1909-2004) таъин карда шуд.    

Август 2, 2010 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд