ДОРО НАҶОТ БАРАНДАИ ҶОИЗАИ БА НОМИ РӮДАКӢ ГАРДИД
Душанбе, 2 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Қарори Ҳукумати мамлакат «Дар бораи сарфароз гардондан бо ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ дар соли 2010 тасдиқ карда шуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд, мувофиқи Қарори мазкур шоир Доро Наҷот барои маҷмӯаи шеърҳои «Моҳтобе хамида дар рукӯъ» барандаи ҷоиза дар соҳаи адабиёт шуд. Дар соҳаи санъати театрӣ барои таҳияи намоишномаи «Чашмони бародари қиёматӣ» дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Мирзоватан Миров бо ин ҷоиза сарфароз гардид. Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи санъати мусиқӣ ва ҳунарнамоӣ барои силсилаи сурудҳои «Меҳроби меҳрам, Тоҷикистон!»насиби Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Миралӣ Достиев гардид. Рассоми халқии Тоҷикистон Сӯҳроб Қурбонов барои мусаввараи чоргонаи «Ҳамосаи истиқлол» барандаи ҷоиза дар соҳаи санъати тасвирӣ шуд. Узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Соҳиб Табаров барои силсилаи рисолаҳои адабии тарбиявии солҳои охир бо ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи эҷодиёти бадеӣ барои наврасон сарфароз гардонда шуд. Ҷоизаи байналмилалӣ дар соҳаи тарҷума, пажӯҳиш ва тарғиби адабиёти тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ барои силсилаи рисолаҳои илмӣ-адабии «Низомӣ ва Хоқонӣ», «Зайниддин Восифӣ» ва «Дарвеши Деҳакӣ» ба шарқшиноси маъруфи рус Александр Болдирев (1909-2004) таъин карда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад






