ДУЗДИИ АМВОЛИ ШАХСӢ
Душанбе, 30 август. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- 27августи соли ҷорӣ аризаи шаҳрванд Авзалов Оятулло Мукаррамович соли тавлудаш 1983, истикоматкунандаи кўчаи Маяковский, хонаи 29, ҳуҷраи 15, ҷойи кор шўъбаи фурўши чиптаҳои ҳавоии ҶДММ «Анушервон», воқеъ дар кўчаи Лоҳутӣ, хонаи 9, ҳуҷраи 11, ба ШКД ноҳияи Шоҳмансур ворид гардид, ки шаби 26 ба 27.08.2010с. шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди корхонааш шуда, аз он ҷо 1-адад компютери тамғаи «Самсунг» ва 1-адад телефони мобилии тамғаи «Нокиа-8800»-ро, ки арзиши умумиашон 1600 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми бурдани корҳои фаврй ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони бахши кофтукови ҷиноии ШКД ноҳияи Шоҳмансур шаҳрвандон: Ҳамидов Исроилҷон Изатуллоевич, соли тавлудаш 1989, истиқоматкунандаи ноҳияи Рўдакӣ, ҷамоати Қӯштеппа, қишлоқи Правда, хонаи 256, бекор ва Эҳсонов Абдувалӣ Қурбоналиевич соли таваллудаш 1986, истиқоматкунандаи ноҳияи Рўдакӣ, ҷамоати Қӯштеппа, қишлоқи Киров, хонаи 226, бекор дастгир шуданд. Аз онҳо далели шайъӣ гирифта шуд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






