ДУЗДИИ АМВОЛИ ШАХСӢ

Август 30, 2010 09:52

Душанбе, 30 август. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).-   27августи соли ҷорӣ аризаи шаҳрванд Авзалов Оятулло Мукаррамович соли тавлудаш 1983, истикоматкунандаи кўчаи Маяковский, хонаи 29, ҳуҷраи 15, ҷойи кор шўъбаи фурўши чиптаҳои ҳавоии ҶДММ «Анушервон», воқеъ дар кўчаи Лоҳутӣ, хонаи 9, ҳуҷраи 11, ба ШКД ноҳияи Шоҳмансур ворид гардид, ки шаби 26 ба 27.08.2010с. шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди корхонааш шуда, аз он ҷо 1-адад компютери тамғаи «Самсунг» ва 1-адад телефони мобилии тамғаи «Нокиа-8800»-ро, ки арзиши умумиашон 1600 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми бурдани корҳои фаврй ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони бахши кофтукови ҷиноии ШКД ноҳияи Шоҳмансур шаҳрвандон: Ҳамидов Исроилҷон Изатуллоевич, соли тавлудаш 1989, истиқоматкунандаи ноҳияи Рўдакӣ, ҷамоати Қӯштеппа, қишлоқи Правда, хонаи 256, бекор ва Эҳсонов Абдувалӣ Қурбоналиевич соли таваллудаш 1986, истиқоматкунандаи ноҳияи Рўдакӣ, ҷамоати Қӯштеппа, қишлоқи Киров, хонаи 226, бекор дастгир шуданд. Аз онҳо далели шайъӣ гирифта шуд.                          

Август 30, 2010 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад