ФАЛОКАТИ МУДҲИШ ДАР РОҲ
Душанбе,16 август. (АМИТ «Ховар», Зебо Иноятова).- Шаби 28 июли соли 2010 аз сабаби боронгариҳои пай дар пай, дар километри 112-ум воқеъ дар мавзеи «Сафедсанг» ҷамоати деҳоти Сағирдашт роҳи мошингарди Душанбе-Лаби-ҷар- Тавилдара- Дарвоз-Хоруғ пораи кӯҳ канда шуда, ба автомашинаи тамғаи «Чанху» рақами давлатиаш ЕК 1130 01-РТ таҳти идораи ронанда Воҳидов Ҳабибулло бархӯрд. Дар натиҷа мошин ба ҷарии чуқуриаш 180 метр сарнагун шуд. Худи ронанда ва мусофирони мошин Обидҷон Шокиров, Анварбибӣ Абдуллоева, Саидмо Ҷумъаева, Бобоҷон Исҳоқов, Индираи Ҳилолии 12 сола, Маҷнуни Маснавии 10 сола ва Меҳрубони Саидҷамоли 4 сола бар асари ҷароҳатҳои вазнин дар ҷойи воқеа ҳалок шуданд. Дар натиҷаи ҷустуҷӯ ҷасадҳои онҳо 15 август ёфт шуданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






