ФАЛОКАТИ МУДҲИШ ДАР РОҲ

Август 16, 2010 11:04

Душанбе,16 август. (АМИТ «Ховар», Зебо Иноятова).- Шаби 28 июли соли 2010 аз сабаби боронгариҳои пай дар пай, дар километри 112-ум воқеъ дар мавзеи «Сафедсанг» ҷамоати деҳоти Сағирдашт роҳи  мошингарди Душанбе-Лаби-ҷар- Тавилдара- Дарвоз-Хоруғ пораи кӯҳ канда шуда, ба автомашинаи тамғаи «Чанху» рақами давлатиаш ЕК 1130 01-РТ таҳти идораи ронанда  Воҳидов Ҳабибулло бархӯрд.  Дар натиҷа мошин ба ҷарии чуқуриаш 180 метр сарнагун шуд. Худи ронанда ва мусофирони мошин Обидҷон Шокиров, Анварбибӣ Абдуллоева, Саидмо Ҷумъаева, Бобоҷон Исҳоқов, Индираи Ҳилолии 12 сола, Маҷнуни Маснавии 10 сола ва Меҳрубони Саидҷамоли 4 сола бар асари ҷароҳатҳои вазнин дар ҷойи воқеа ҳалок шуданд. Дар натиҷаи ҷустуҷӯ ҷасадҳои онҳо 15 август ёфт шуданд.  

Август 16, 2010 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид