ФУРӮШИ ДОРУҲОИ ПУРТАЪСИР МАНЪ КАРДА ШУД

Август 13, 2010 09:31

Маскав, 13 август. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Бо қарори Ҳукумати Федератсияи Русия доруҳои пуртаъсири мефедрон ва метилон ба рӯйхати доруҳои нашъадор дохил карда шуданд. Ин чунин маъно дорад, ки  минбаъд истеҳсол, нигоҳ доштан, фурӯхтан, паҳн кардан ва содироту воридоти доруҳои мазкур дар қаламрави Русия манъ карда мешавад. Мувофиқи қонунҳои амалкунандаи мамлакат, шахсоне, ки доруҳои мазкурро ғайриқонунӣ истеҳсол карда, харида ё мефурӯшанд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида хоҳанд шуд. 0,2 грами доруҳои мазкур ҳаҷми калон ва 2,5 грами онҳо ҳаҷми махсусан калон шуморида мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки доруи мефедрон аз соли 2008 сар карда, барои табобати баъзе бемориҳои асаб истифода бурда мешуд. Корхонаҳои истеҳсолкунандаи он дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Кения воқеъ мебошанд. Доруи метилонро олимони кимиёгари амрикоӣ Пейтон Ҷейкоб ва Александ Шулгин соли 1996 ихтироъ карда буданд. Доруи мазкур барои таскини дарди сар ва асаб истифода бурда мешуд. Имрӯз фурӯши доруҳои мазкур дар бисёр мамлакатҳо, аз ҷумла Дания, Финляндия, Эстония, Исроил, Норвегия, Шветсия, Англия, Белорусия ва Руминия манъ карда шудааст.

Август 13, 2010 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!