«ГӮР СӮЗАДУ ДЕГ ҶӮШАД»
Душанбе, 25 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Имрӯз аз ҷониби кормандону мутахассисони «Тоҷикстандарт» бо иштироки комиссияи салоҳиятдор 952 дона лимонади «Казбек»-и истеҳсоли Гурҷистон нест карда шуд. Он дар асоси нишондодҳои санаду ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба тартиби несту нобуд кардани маҳсулоти ғайристандартӣ ва ба саломатии мардум зараровар нобуд карда шуд. Тибқи иттилои сардори маркази матбуоти Агентии «Тоҷикстандарт» Мирзовалӣ Абдуллозода, ин миқдор лимонад чанде пеш аз ҷониби нозирони Агентӣ аз мағозаҳои «Меҳроб», нуқтаҳои савдои бозорҳои «Фаровон», «Ганҷина» ва дигар мағозаҳо мусодира гардида буд. Ташхиси маҳсулоти номбурда нишон дод, ки дар таркиби маҳсулот ҷараёни туршшавӣ ҷо дошта, истеъмоли он хатарнок аст. Илова бар ин мутахассисон ошкор намуданд, ки санаи истеҳсоли маҳсулот то 24 декабри соли 2009 муқаррар карда шуда, қаллобон ба он тамғаи қалбакӣ зада, санаи истеъмоли лимонади «Казбек»-ро 21 майи соли 2010 нишон додаанд, ки ин аз поймол кардани ҳуқуқи истеъмолкунандагон, фиреби харидор ва риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» шаҳодат медиҳад. Яъне, қаллобон мӯҳлати нигоҳдории лимонадро аз 180 рӯзи муқарраршуда то 360 рӯз дароз кардаанд, ки дар ин муддат тибқи муоинаи мутахассисон эҳтимолияти заҳролудшавии маҳсулот ба миён меояд. Мавриди зикр аст, ки нархи 1 дона лимонади истеҳсоли Гурҷистон дар мағозаҳои пойтахт 4 -5 сомонӣ буда, қаллобон аз манъи санҷишҳо дар моҳи шарифи Рамазон истифода намуда, маҳсулоти мӯҳлаташ гузаштаро беинсофона ба фурӯш гузоштаанд. Аз ин бармеояд, ки дар моҳи Рамазон, ки моҳи шариф ва адлу инсоф аст, нафароне ёфт мешаванд, ки ба ҷойи хайру саховат даст ба қаллобию мардумфиребӣ мезананд.