«ГУЛДАСТ»- МАКОНИ ДУХТАРОНИ CОҲИБҲУНАР
Рашт, 19 август. ( АМИТ «Ховар, М. Ризвонов»). Дар ноҳияи Рашт бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ корхонаи нави дӯзандагии «Гулдаст» ба фаъолият шурӯъ намуд. Сарварии корхонаи дӯзандагиро марди соҳибкор Ҳабиб Кингаков ба ӯҳда дорад. Корхона метавонад 21 нафар чавондухтаронро бо ҷойи кор таъмин намояд. Ҳамчунин, дар назди корхона курсҳои омӯзишӣ кушода шудаанд. Духтарон дар ин курсҳо муддати 3 моҳ касби дӯзандагиро омӯхта, сипас соҳиби касб ва ҷойи кор мегарданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад






