ХАБАРИ ФАВРИИ МАРКАЗИ РОБИТАҲОИ ҶАМЪИЯТИИ КДАМ ҶТ
Душанбе, 23 август.(АМИТ «Ховар»). — Рӯзи 22 августи соли 2010, соати 22-10 дақиқа гурӯҳи ҷинояткорон, ки дар маҳбасхонаи тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нигоҳ дошта мешуданд, дар натиҷаи бемасъулиятӣ ва ба вазифаҳои хеш хунукназарона муносибат кардани нозирони маҳбасхона яроқҳои онҳоро тасарруф намуда, ба онҳо ҳуҷум намуданд. Дар натиҷа яке аз нозирони маҳбасхона кушта шуда, 25 нафар маҳбусони яроқнок либосҳои худро бо либосҳои ҳарбии саҳроӣ иваз намуда, аз маҳбасхона фирор намуданд. Соатҳои тақрибан 01-10 дақиқаи рӯзи 23 август ин гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткорон ба дидбонгоҳҳои маҳбасхонаи тафтишотии Вазорати адлия ҳуҷум намуда, 4 нафар нозиронро ба қатл расонида, бо истифода аз нақлиёти автомобилӣ ба самти номаълум ғайб заданд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии ҷумҳурӣ баҳри муайян кардани самти ҳаракат ва дастгир кардани ин гурӯҳи ҷинояткорон ҳайати шахсии худро ба ҳолати омодабош гузаронида, тадбирҳои бетаъхири фаврӣ-ҷустуҷӯӣ андешида истодаанд. Бо супориши Сарвари давлат бо мақсади ошкор ва дастгир намудани ҷинояткорон Ситоди фаврӣ бо роҳбарии Вазири корҳои дохилии ҶТ генерал-полковники милитсия Абдураҳим Қаҳҳоров таъсис дода шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






