ИДИ АСАЛ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Август 2, 2010 17:08

Кӯлоб, 2 август. (АМИТ «Ховар», Сулаймон  Холов).- Чанд сол боз бо мақсади рушди соҳаи замбӯри асалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иди асал гузаронида мешавад, ки зимни баргузории ин чорабинӣ  замбӯриасалпарварон имкон пайдо менамоянд маҳсулоти худро дар намоишгоҳҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба савдо бароварда, инчунин  бо ҳамдигар табодули таҷриба намоянд. Баҳри иштирок дар  иди асал дар боғи фарҳангу истироҳати шаҳри Кӯлоб беҳтарин замбӯриасалпарварони шаҳру ноҳия бо ҳам ҷамъ омада, навъҳои гуногуни асали  истеҳсолнамудаи хешро ба намоиш ва фурӯш  бароварданд. Бояд қайд намуд, ки давоми чор соли охир шумораи замбӯриасалпарварон дар ноҳия афзоиш ёфта, оилаҳои замбӯри асалро се баробар зиёд гардонидаанд . Дар иди асал муовини сарвазири мамлакат ширкат варзида, аз дастовардҳои замбӯриасалпарварони шаҳру ноҳияи Кӯлоб изҳори қаноатмандӣ намуд ва ба масъулин ҷиҳати кушодани мағозаҳои махсуси фурӯши маҳсулот ва таҷҳизоту лавозимоти соҳавӣ дастур дод. Чунин  як чорабинии  дигари замбӯриасалпарварон дар ноҳияи Фархор доир гардид, ки дар он  асалпарварони  10 ҷамоати деҳоти ноҳия дар баробари навъҳои гуногунтамъи   асал, инчунин дигар маҳсулоти кишоварзӣ аз қабили тарбузу харбуза, каду, бодирингу помидор ва хӯришҳои аз ин сабзавот тайёршударо  ба намоиш ва фурӯш  гузоштанд.  Бояд гуфт, ки ҳокимияти маҳаллӣ барои беҳтарин замбӯриасалпарвар ва маҳсулоти кишоварзии беҳтарин қаблан озмун эълон намуда, ҳайати ҳакамон баъди  санҷидани  маҳсулоти пешниҳодгардида ғолибонро  муайян намуданд.  Зимни ин чорабинӣ  замбӯриасалпарварони ноҳия дар баробари муваффақиятҳо дар рушди  соҳа   аз мушкилоти худ низ  ҳарф заданд. Иди асал дар ноҳияи Фархор ба тантанаи ҳақиқӣ мубаддал гардид.   Ба беҳтаринҳо раиси ноҳия ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид. Барои иштирок дар иди асали вилоят ба онҳо роҳхат дод. Кормандони шӯъбаи фарҳанги ноҳия дар назди ҳозирин бо суруду рақсҳои дилнишин баромад намуда ба иди асал шукӯҳи дигар бахшиданд.

Август 2, 2010 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!