ИФТИТОҲИ ЯРМАРКАИ МАКТАБӢ ДАР ХУҶАНД

Август 12, 2010 09:20

Душанбе, 12 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Дар арафаи соли нави хониш дар шаҳри Хуҷанд ярмаркаи мактабӣ оғоз гардид. Муовини раиси шаҳри Хуҷанд Ҳабибҷон Қӯзиев зикр намуд, ки баргузории   ярмаркаи мактабӣ дар арафаи соли нави таҳсил иқдоми нек аст, зеро аз он сокинони Хуҷанд ва  шаҳру ноҳияҳои атрофи он истифода мебаранд. Ҳ. Қӯзиев ба кушодашавии ярмаркаи мактабӣ ҳамчун давраи мувофиқ барои дастрас намудани ашёву лавозимоти мактабӣ баҳои баланд дода, зикр намуд, ки  он на танҳо барои мактаббачагон, балки барои донишҷӯёни макотиби олӣ ва миёнаи махсус ташкил шудааст. Дар ярмарка дар қатори лавозимоти мактабӣ хамчунин аз ҷониби муассисаҳои саноати сабуки шаҳр либосҳои кӯдакона ва либосҳои махсус барои наврасон ба намоиш ва фурӯш гузошта шуда буд. Дар ин бора аз маъмурияти шаҳри Хуҷанд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Август 12, 2010 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад