ИМТИҲОНОТИ ҚАБУЛ ОҒОЗ ЁФТАНД

Август 2, 2010 11:17

Душанбе, 2 август. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Яке аз мактабҳои навбунёди олии ҷумҳурӣ -Донишкадаи молиявии Тоҷикистон қабули ҳуҷҷатҳои дохилшавандагонро барои соли таҳсили 2010-2011 давом медиҳад. Донишкадаи мазкур барои муассисаҳои молиявии тобеи Вазорати молия мутахассис тайёр мекунад. Донишҷӯён ба ҳамаи 3 факултаи донишкада- факултаҳои молиявӣ, ҳисоби бухгалтерӣ ва технологияи иттилоотӣ қабул карда мешаванд. Онҳо дар ин ҷо ихтисосҳои корманди муассисаҳои молиявӣ, молия ва қарз дар соҳаи фаъолияти берунии иқтисодӣ, менеҷменти молиявӣ, фаъолияти бонкӣ, суғурта ва ғайраро меомӯзанд. Бояд гуфт, ки донишкадаи мазкур дар заминаи коллеҷи молиявӣ ташкил ёфтааст ва 2 сол боз фаъолият дорад. Ректори донишкада Каримҷон Ҳусейнов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки бо донишҷӯён мутахассисон ва омӯзгорони варзидаи ватанию хориҷӣ, кормандони созмонҳои байналхалқии молиявӣ, роҳбарони бонкҳо, ширкатҳои суғурта ва ғайра машғулият мегузаронанд. Айни ҳол дар донишкада тайёрӣ ба имтиҳоноти қабул бо ҷӯшу хурӯш давом дорад. Имтиҳоноти қабул аз 1 то 20 август давом мекунанд.  Имсол ба  донишкада 375 донишҷӯ қабул карда мешавад, ки нисбат ба соли гузашта 13 нафар зиёд аст. Аз ин ҷумла 175 донишҷӯ дар гурӯҳҳои буҷетӣ ва 200 нафар мувофиқи қарордод таҳсил мекунанд. Мувофиқи имтиёзҳои муқаррарнамудаи Президенти ҷумҳурӣ  9 донишҷӯ қабул карда мешавад. То имрӯз ба комиссияи қабули донишкада зиёда аз 400 нафар ҳуҷҷат супоридааст. Аксарияти дохилшавандагон аз вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеъи марказ ва шаҳри Душанбе мебошанд. К. Ҳусейнов зикр намуд, ки донишкада бо Академияи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Русия қарордоди ҳамкорӣ имзо кардааст. Донишҷӯён 1 сентябр дар бинои ба кулли тармимшудаи донишкада таҳсил хоҳанд кард. Бинои донишкада  ба маблағи бештар аз 3 миллион сомонӣ тармим карда шуд.

Август 2, 2010 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд