ИМТИҲОНОТИ ҚАБУЛ ОҒОЗ ЁФТАНД
Душанбе, 2 август. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Яке аз мактабҳои навбунёди олии ҷумҳурӣ -Донишкадаи молиявии Тоҷикистон қабули ҳуҷҷатҳои дохилшавандагонро барои соли таҳсили 2010-2011 давом медиҳад. Донишкадаи мазкур барои муассисаҳои молиявии тобеи Вазорати молия мутахассис тайёр мекунад. Донишҷӯён ба ҳамаи 3 факултаи донишкада- факултаҳои молиявӣ, ҳисоби бухгалтерӣ ва технологияи иттилоотӣ қабул карда мешаванд. Онҳо дар ин ҷо ихтисосҳои корманди муассисаҳои молиявӣ, молия ва қарз дар соҳаи фаъолияти берунии иқтисодӣ, менеҷменти молиявӣ, фаъолияти бонкӣ, суғурта ва ғайраро меомӯзанд. Бояд гуфт, ки донишкадаи мазкур дар заминаи коллеҷи молиявӣ ташкил ёфтааст ва 2 сол боз фаъолият дорад. Ректори донишкада Каримҷон Ҳусейнов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки бо донишҷӯён мутахассисон ва омӯзгорони варзидаи ватанию хориҷӣ, кормандони созмонҳои байналхалқии молиявӣ, роҳбарони бонкҳо, ширкатҳои суғурта ва ғайра машғулият мегузаронанд. Айни ҳол дар донишкада тайёрӣ ба имтиҳоноти қабул бо ҷӯшу хурӯш давом дорад. Имтиҳоноти қабул аз 1 то 20 август давом мекунанд. Имсол ба донишкада 375 донишҷӯ қабул карда мешавад, ки нисбат ба соли гузашта 13 нафар зиёд аст. Аз ин ҷумла 175 донишҷӯ дар гурӯҳҳои буҷетӣ ва 200 нафар мувофиқи қарордод таҳсил мекунанд. Мувофиқи имтиёзҳои муқаррарнамудаи Президенти ҷумҳурӣ 9 донишҷӯ қабул карда мешавад. То имрӯз ба комиссияи қабули донишкада зиёда аз 400 нафар ҳуҷҷат супоридааст. Аксарияти дохилшавандагон аз вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеъи марказ ва шаҳри Душанбе мебошанд. К. Ҳусейнов зикр намуд, ки донишкада бо Академияи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Русия қарордоди ҳамкорӣ имзо кардааст. Донишҷӯён 1 сентябр дар бинои ба кулли тармимшудаи донишкада таҳсил хоҳанд кард. Бинои донишкада ба маблағи бештар аз 3 миллион сомонӣ тармим карда шуд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






