КӮМАКИ НАВБАТӢ БА ЗАРАРДИДАГОН
Кӯлоб, 6 август. ( АМИТ « Ховар», Сулаймон Холов).-Ҷихати расонидани кӯмак ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардида масъулини бахши чавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Кӯлоб ба ниёзмандон пайваста ёрии амалӣ мерасонанд. Ин навбат бахши ҷавонон дар якҷоягӣ бо ташкилоти «Ҷавонони асри нав» ва иттиҳодияи «Паралакс» ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардида, ки дар панҷ қитъа аз ҷониби вазорату идора ва ташкилоту корхонаҳо барояшон хонаҳои истиқоматӣ бунёд мегардад, як миқдор маводи хӯрокӣ, либос ва ашёи рӯзгор тақдим намуданд. Тақсимоти маводи хӯрокӣ, либос ва ашёи рӯзгор аз қитъаи якум оғоз ёфта, аз рӯи ҳисоб ба беш аз сесад оила дар панҷ қитъа дастрас карда шуд. Ҳамин гуна иқдом як моҳ қабл низ аз ҷониби ин ташкилот амалӣ гардида буд,ки аз ҷониби сокинон бо хушнудӣ пазируфта шуд.Ҷавобан ба ин ғамхориҳо оилаҳои аз офати табиӣ зарардида ба масъулин барои кӯмакҳои хайрхонаҳо изҳори миннатдорӣ намуданд. Масъулини бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ азм намудаанд, ки вобаста ба имконият иқдоми пешгирифтаро моҳе як маротиба амалӣ намоянд. Бояд қайд намуд, ки ихтиёриёни бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Кӯлоб ҳамарӯза дар дастрас намудани маводи хӯрокӣ ва ашёи зарурии рӯзгор ба ин оилаҳо кӯмак расонида, ҳамзамон дар таҳияи чорабиниҳои фарҳангию фарогатӣ саҳми муносиб мегузоранд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






