КӮМАКИ НАВБАТӢ БА ЗАРАРДИДАГОН

Август 6, 2010 17:22

Кӯлоб, 6 август. ( АМИТ « Ховар», Сулаймон Холов).-Ҷихати расонидани кӯмак ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардида  масъулини бахши чавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Кӯлоб ба ниёзмандон пайваста  ёрии амалӣ мерасонанд. Ин навбат бахши ҷавонон дар якҷоягӣ бо   ташкилоти «Ҷавонони асри нав» ва иттиҳодияи  «Паралакс» ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардида, ки дар панҷ қитъа аз ҷониби вазорату идора ва ташкилоту корхонаҳо барояшон хонаҳои истиқоматӣ бунёд мегардад, як миқдор маводи хӯрокӣ, либос ва ашёи рӯзгор тақдим намуданд. Тақсимоти   маводи  хӯрокӣ, либос ва ашёи рӯзгор аз қитъаи якум оғоз ёфта, аз рӯи ҳисоб ба беш аз сесад оила дар панҷ қитъа дастрас карда шуд. Ҳамин гуна иқдом як моҳ қабл низ аз ҷониби ин ташкилот   амалӣ гардида буд,ки  аз ҷониби сокинон бо хушнудӣ пазируфта шуд.Ҷавобан ба ин ғамхориҳо оилаҳои аз офати табиӣ зарардида ба масъулин барои кӯмакҳои хайрхонаҳо изҳори миннатдорӣ намуданд.  Масъулини бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ азм намудаанд, ки  вобаста ба имконият иқдоми пешгирифтаро  моҳе як маротиба  амалӣ намоянд. Бояд қайд намуд, ки ихтиёриёни бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Кӯлоб ҳамарӯза дар дастрас намудани маводи хӯрокӣ ва  ашёи  зарурии рӯзгор ба ин оилаҳо кӯмак расонида, ҳамзамон  дар таҳияи чорабиниҳои фарҳангию   фарогатӣ саҳми муносиб мегузоранд.                                             

Август 6, 2010 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад