КӮМАКИ РАИСИ ШАҲР БА СУЛТОНЗОДА
Душанбе, 4 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Таманно Султонзода хонандаи синфи 11-и мактаби таҳсилоти умумии №34 –и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни биология , ки дар шаҳри Чангвони Ҷумҳурии Корея баргузор мегардад, иштирок менамояд. Дар ин хусус котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод. Бо мақсади таъмин намудани иштироки Таманно Султонзода дар олимпиадаи ҷаҳонӣ, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор ба имзо расонд. Тибқи ин қарор Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳр барои пардохти роҳкирои Султонзода ба олимпиадаи ҷаҳонӣ беш аз 11 ҳазор сомонӣ ҷудо менамояд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






