КӮМАКИ РАИСИ ШАҲР БА СУЛТОНЗОДА

Август 4, 2010 15:23

Душанбе, 4 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Таманно Султонзода хонандаи синфи 11-и мактаби таҳсилоти умумии №34 –и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни биология , ки дар шаҳри Чангвони Ҷумҳурии Корея баргузор мегардад, иштирок менамояд. Дар ин хусус котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.       Бо мақсади таъмин намудани иштироки Таманно Султонзода дар олимпиадаи ҷаҳонӣ,  Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор ба имзо расонд. Тибқи ин қарор Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳр барои пардохти роҳкирои Султонзода  ба олимпиадаи ҷаҳонӣ беш аз 11 ҳазор сомонӣ ҷудо менамояд.

Август 4, 2010 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад