КДАМ: «ПИСАРОНИ М, ЗИЁЕВ ДАР РӮЙХАТИ ФИРОРИЁН НЕСТАНД»

Август 24, 2010 15:27

Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар рӯйхати маҳбусони фирории шаби 23 август писарони собиқ Вазири ҳолатҳои фавқулоддаи ҶТ Мирзо Зиёев нестанд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.   Манбаи расмӣ овозаҳои зиёдро, ки васоити ахбори омма дар мавриди дар байни фирориён будани ду писари Мирзо Зиёев- Муҳаммадризои 23 сола ва Саидаҳмади 26 сола паҳн карда буданд, рад намуд. Ёдовар мешавем, ки писарони Мирзо Зиёев мутаносибан ба 28 ва 30 соли маҳрумӣ аз озодӣ маҳкум шуда буданд,.    Ҳамчунин, дар рӯйхати фирориён номҳои пайвандони Мирзо Зиёев – Аъзамшоҳ Зиёеви 41 сола ва Ҷонибек Зиёеви 31 сола мавҷуданд.              

Август 24, 2010 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд