КДАМ: «ПИСАРОНИ М, ЗИЁЕВ ДАР РӮЙХАТИ ФИРОРИЁН НЕСТАНД»
Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар рӯйхати маҳбусони фирории шаби 23 август писарони собиқ Вазири ҳолатҳои фавқулоддаи ҶТ Мирзо Зиёев нестанд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Манбаи расмӣ овозаҳои зиёдро, ки васоити ахбори омма дар мавриди дар байни фирориён будани ду писари Мирзо Зиёев- Муҳаммадризои 23 сола ва Саидаҳмади 26 сола паҳн карда буданд, рад намуд. Ёдовар мешавем, ки писарони Мирзо Зиёев мутаносибан ба 28 ва 30 соли маҳрумӣ аз озодӣ маҳкум шуда буданд,. Ҳамчунин, дар рӯйхати фирориён номҳои пайвандони Мирзо Зиёев – Аъзамшоҳ Зиёеви 41 сола ва Ҷонибек Зиёеви 31 сола мавҷуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






