КИТОБХОНА-МАКОНИ ДОНИШ
Ҷиргатол, 18 август.( АМИТ « Ховар», М. Ризвонов).- Китобхонаи марказии ноҳияи Ҷиргатол, ки мудираш Гулнисо Абдураззоқова мебошад,ҷойи дӯстдоштаи хонандагон ба шумор меравад . Дари китобхона ҳамеша ба рӯйи мизоҷон кушода буда , дар он 16904 адад адабиёти гуногун мавҷуд аст. Айни ҳол сафи мизоҷони китобхона ба 1380 нафар расидааст , ки нисбат ба соли гузашта 120 нафар зиёд аст. Барои ҷалби омма ба китобу китобхонӣ дар ин ҷо мунтазам чорабиниҳои гуногун , ба монанди маҳфилҳои адабӣ , мулоқоту сӯҳбат бо зиёиён, намоишҳои китоб доир мегарданд. Барои осон шудани дарёфти адабиёти зарурӣ китобҳо аз рӯи соҳа ва бо тартиби алифбо гузошта шудаанд. Кормандони китобхона кӯшиш менамоянд , ки тавассути фаъолияти судманди худ дар кори маърифатнокии аҳолии деҳот саҳмгузор бошанд. Натиҷаи саъйу талоши онҳост , ки сафи китобхонон рӯз то рӯз зиёд мегардад. Китобро беҳуда аниси кунҷи танҳоӣ нагуфтаанд, -мегӯяд мудири китобхона Гулнисо Абдураззоқова. Савияи дониш ва ҷаҳонбинии одам тавассути донишомӯзӣ васеъ мешавад. Донишро тариқи омӯзиши пайваста , яъне мутолиаи китобу маҷалла метавон афзун кард. Аз ин рӯ мо, китобдорон , тамоми тадбирҳоро меандешем , ки ин боргоҳи маърифат ҳамеша серодам бошад,- афзуд Г. Абдураззоқова.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






