КОРИ НАҶИБИ АЛИЗОДА
Турсунзода, 13 август. ( АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Даъвати сарвари давлат дар бораи хайру сахо кардан ба мардуми камбизоат ва дастгирии ятимону барҷомондагон дар замири мардони олиҳиммат ҳисси инсондӯстию ватандӯстиро боз ҳам боло бардошт. Корманди ҳафтавори «Алюминийи Тоҷикистон» ва идораи радиошунавонии КВД « Ширкати алюминийи тоҷик» Ҳоҷӣ Мулломаҳмад Ализода ба наздикӣ ташаббуси наҷиб нишон дод. Ӯ тӯйи суннатии фарзандонаш Муҳаммадиқбол ва Муҳаммадзоирро дар хонаи кӯдакони рақами 1-и шаҳри Турсунзода ҳамроҳ бо кӯдакони ин муассиса баргузор намуд. Дар гирди дастурхони тӯёна тарбиятгирандагони хонаи кӯдакон иштирок намуда, аз сурудҳои ватандӯстона лаззат бурданд. Лозим ба тазаккур аст, ки дар хона- интернати мазкур 120 нафар кӯдакон тарбия мегиранд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






