КОРИ НАҶИБИ АЛИЗОДА

Август 13, 2010 11:55

Турсунзода, 13 август.  ( АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Даъвати сарвари  давлат дар бораи  хайру сахо  кардан ба мардуми  камбизоат ва  дастгирии ятимону барҷомондагон дар замири мардони олиҳиммат ҳисси инсондӯстию ватандӯстиро  боз ҳам боло бардошт. Корманди ҳафтавори «Алюминийи Тоҷикистон»  ва идораи  радиошунавонии КВД « Ширкати  алюминийи  тоҷик» Ҳоҷӣ Мулломаҳмад Ализода  ба наздикӣ ташаббуси  наҷиб нишон дод. Ӯ тӯйи суннатии   фарзандонаш  Муҳаммадиқбол ва Муҳаммадзоирро дар хонаи кӯдакони  рақами 1-и  шаҳри Турсунзода  ҳамроҳ бо  кӯдакони  ин муассиса  баргузор намуд.  Дар гирди дастурхони  тӯёна  тарбиятгирандагони хонаи кӯдакон  иштирок намуда, аз сурудҳои ватандӯстона  лаззат бурданд.  Лозим ба тазаккур  аст, ки  дар хона- интернати мазкур 120 нафар кӯдакон  тарбия мегиранд.

Август 13, 2010 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад