КУМИТАИ ИМДОД ДАР ТАРАДДУДИ МАЪРАКАИ ИФТОР
Душанбе, 13 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнии Эрон дар Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар моҳи шарифи Рамазон дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон маъракаи ифтор ташкил намояд. Тибқи иттилои роҳбари намояндагии Кумитаи мазкур дар Тоҷикистон Сайидҷаводи Разавӣ, маъракаҳои ифтор дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор карда мешавад. Моҳи Рамазон, ки моҳи хайру савоб аст, аз ин рӯ расонидани кӯмак ба оилаҳои камбизоат ва шахсони барҷомондаю ятим айни муддао мебошад. Маъракаи ифтор асосан дар хонаи кӯҳансолон, хона-интернатҳо, хонаи бачаҳо ва марказҳое, ки дар онҳо шахсони маъюб зиндагӣ мекунанд, ташкил карда мешавад. Мавриди зикр аст, ки алҳол намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнӣ дар Тоҷикистон ба 6 ҳазор хонаводаҳои ниёзманд кӯмакҳои гуногун мерасонад, ки аз он беш аз 300 нафарашонро донишҷӯён ташкил медиҳанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад






