КУШТОРИ ДУХТУРОНИ ХОРИҶӢ ДАР ШИМОЛИ АФҒОНИСТОН

Август 9, 2010 16:57

        Душанбе, 9 август. (АМИТ «Ховар»).- Мақомоти Афғонистон сабабу ҳолатҳои куштори 10 нафар корманди Созмони байнамиллалии кӯмаки башардӯстонаро тафтиш менамоянд.          Тибқи хабари сарчашма 6 нафар амрикоӣ, як бритонӣ, як шаҳрванди Олмон ва ду нафар афғон ҳалок шудаанд.         Дар байни қурбоншудагон се нафар зан, ҳамчунин як нафар духтури амрикоӣ, ки қариб 30 сол собиқаи корӣ дар Афғонистон дорад, ҳастанд. Ҳамаи онҳо дар вилояти Бадахшон бар асари як ҳамлаи толибон кушта шудаанд. Толибон онҳоро ба ҷосусӣ ба манфиати ИМА ва ташвиқу тарғиби динҳои дигар гунаҳкор намуданд.         Бояд қайд кард, ки духтурон чун намояндаи Созмони байналхалқии кӯмаки башардӯстона фаъолият мекарданд. Созмони мазкур созмони ғайриҳукуматии насронӣ ба шумор рафта, дар Афғонистон аз миёнаҳои солҳои 60-ум инҷониб фаъолият мекунад.

Август 9, 2010 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад