«ЛАКУ ПАК» ИН БОР НИЗ МУВАФФАҚ МЕШАВАД?
Душанбе, 25 августа. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Бо дастгирии раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ҳафтаномаи «Лаку Пак» аз нав эҳё гардида, баъди танаффуси тӯлонӣ шумораи навбатии он ба табъ расид. Муассис ва сардабири ин нашрия, нависанда Додохони Эгамзод иттилоъ дод, ки бори сеюм аст, ки «Лаку Пак» аз сари нав мунташир мешавад. Сабаби нашр нагардидани нашрия асосан норасоии маблағ буд. Ёдовар мешавем, ки нахустшумораи ин ҳафтанома 29 июли соли 1998 дар нашриёти «Шарқи озод»-и шаҳри Душанбе чоп шуда, бо хоҳишу дархости хонандагони сершумор чор сол пеш нашрия бори дуввум нашр гардид, вале бо сабабҳои молиявӣ чопи он дер давом накард. Ҳайати эҷодии ҳафтанома тасмим гирифтаанд, ки нашрияи «Лаку Пак» мунтазам — ҳар ҳафта бо теъдоди 3 ҳазор нусха, иборат аз маводи хонданӣ ба табъ расад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






